Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Туркия агар роҳиби амрикоиро озод накунад, таҳримҳои бештар ҷорӣ мешавад"


Вазири молияи Амрико.
Вазири молияи Амрико.

Вазири молияи Амрико рӯзи панҷшанбеи 16-уми август гуфтааст, Вашингтон таҳримҳои наверо алайҳи Туркия омода кардааст, то дар сурати озод накардани роҳиби амрикоӣ, онҳоро алайҳи Анқара ҷорӣ кунад.

Стивен Тернер Мнушин, вазири молияи Амрико ба аъзои кобинаи он кишвар гуфтааст, "мо бо ҳамкории президент, чанд нафар аз аъзои кобинаи онҳоро таҳрим кардем ва таҳримҳои бештареро дорем, ки дар сурати озод накардани роҳиб Брунсон, онҳоро ҷорӣ хоҳем кард."

Як мақоми Кохи Сафед низ ҳафтаи ҷорӣ ҳушдор дод, ки агар Туркия ин роҳиби амрикоиро озод накунад, эҳтимолан бо фишорҳои бештари иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико низ дар нишасти кобинаи ҳукумати худ гуфт, онҳо (Туркия) натавонистанд собит кунанд, ки дӯсти хубе ҳастанд. Вай афзуд, "онҳо мехоҳанд ин роҳиби азизро нигаҳ доранд. Ин на дуруст аст ва на одилона."

Андрев Брунсон дар пайи табаддулоти нокоми соли 2016 ба иттиҳоми "ҷосусӣ" ва "терроризм", иртибот бо шабакаи Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии турк муқими Амрико ва гурӯҳҳои шӯришгари курд, боздошт шудааст. Вай ин иттиҳомҳоро радд кардааст. Муҳокимаи роҳиб Брунсон ба мушкили ҷиддие дар робитаҳои Амрико ва Туркия мубаддал шудааст.

Вашингтон муҳокимаи роҳиб Брунсонро "ноодилона" хонда ва Абдулмаҷид Гул, вазири адлия ва Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии Туркияро ба хотири нақшашон дар боздошти ин роҳиб, таҳрим кардааст. Як мақоми Кохи Сафед низ ҳафтаи ҷорӣ ҳушдор дод, агар Туркия ин роҳиби амрикоиро озод накунад, эҳтимолан бо фишорҳои бештари иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Танишҳо аммо бо таҳримҳо маҳдуд нашуд ва Амрико таруфаҳои воридотӣ барои пӯлод ва алюминиюм аз он кишварро низ ахиран ду баробар кардааст. Дар ҳамин ҳол, Барот Албайрақ, вазири молияи Туркия ба сармоягузорони байналмилалӣ итминон додааст, ки Туркия аз бӯҳрони лира (пули миллии Туркия) қавитар аз гузашта берун хоҳад омад.

Барот Албайрақ дар як нишаст бо сармоягузорон таъкид кардааст, ки Туркия аз чолишҳои дохилии худ хуб бохабар аст, аммо ончи, ки ҳоло бо он рӯбарӯ аст, навъе амри ғайриоддӣ дар бозор аст. Ин дар ҳоле аст, ки арзиши лира дар баробари доллар суқут карда ва дар ҳафтаи ҷорӣ ба поинтарин сатҳ, яъне 7,26 дар баробари доллар расид.

XS
SM
MD
LG