Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейтсария пулҳои Гулнора Каримоваро ба Тошканд медиҳад


Гулнора Каримова ҳангоми ҳабси хонагӣ. 16 сентябри соли 2014
Гулнора Каримова ҳангоми ҳабси хонагӣ. 16 сентябри соли 2014

Додгоҳи федеролии Швейтсария шикояти духтари президенти нахустини Узбекистон Гулнора Каримоваро рад кард. Қарори додгоҳ, ки рӯзи 31 июл содир шуд, суръати бозгардони 800 миллион франки швейтсарии Каримоваро ба Тошканд афзоиш медиҳад.

Вакили дифои Каримова Грегуара Манжа алайҳи қарори Додситонии федеролии Швейтсария, дар заминаи мусодираи ҳудуди 701 миллион доллари шахси зери ҳимояаш ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Додситонии Швейтсария 22 майи соли равон қарор кард, аз 800 миллион франки Каримова, ки дар бонкҳои Женева ва Тсюрих аз соли 2012 ба ин сӯ ҳабс шудаанд, 687,7 миллионашон мусодира ва ба Тошканд баргардонида шавад.

Ба ин қарори додситонӣ баёноти ду шахси боэътимоди Гулнора Каримова - Гаяне Авакян ва Рустам Мадумаров сабаб шуд. Онҳо ҳангоми бозпурсӣ гуфтанд, ки пулҳои ҳабсшудаи Каримова бо роҳи ғайриқонунӣ дар Узбекистон ба даст омадаанд ва бояд баргардонида шаванд.

Дар бораи тақдири худи Гулнора Каримова додситонии кулли Узбекистон бори охир 28 июли соли 2017 иттилоъ дод. Бар пояи он, додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Каримоваро бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, сохтакории ҳуҷҷат, тамаъҷуӣ ва дуздӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

XS
SM
MD
LG