Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ба бойкоти таҷҳизоти электронии Амрико даъват кард


Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз бойкоти таҷҳизоти электронии сохти Амрико хабар дод. Эрдуғон гуфт, ки Анкара ба ин тартиб, ба "ҷанги тиҷоратӣ" - и Вашингтон посух медиҳад.

Эрдуғон, ки изҳороташро рӯзи 14 август дар Анкара пахш мекард, гуфт, ки ҳамлаи Ийолоти Муттаҳидаи Амрико на танҳо Туркия, балки кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, Чин ва Канада низ зарар мебинанд.

Дар баробари ин, президенти Туркия ба зарурати рушди истеҳсоли худӣ таъкид кард ва аз шаҳрвандони кишвараш хост, ки долларҳои худро ба лира иваз кунанд.

Аввали моҳи август ИМА дар заминаи қазияи роҳиби боздоштшудаи амрикоӣ Эндрю Брансон, ки Анкара ӯро ба тарҳрезии терроризм ва ҷосусӣ муттаҳам мекунад, алайҳи вазири корҳои дохилӣ ва адлияи Туркия таҳрим ҷорӣ кард. Анкара иқдоми Вашингтонро беҷавоб нагузошт. Ба дуболи ин президенти Амрико Доналд Трамп тарфуҳои содиротиро барои фӯлод ва аллюминии Туркияро афзоиш дод. Дар пасманзари ин таҳаввулот қурби пули миллии Туркия - лира дар баробари доллари амрикоӣ шадидан афтид. Мақомот ба таҳқиқи садҳо саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз карданд. Онҳо соҳибони ин саҳифаро ба нашри хабарҳои фитнаангез гумонбар медонанд, ки қурби долларро боло бурдааст.

Президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки уфти рекордии лира як барномаи тарҳрезишуда алайҳи сиёсати мустақилонаи Анкара аст. Аз оғози сол пули миллии Туркия 45 дар сади арзиши худро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG