Пайвандҳои дастрасӣ

Маошу нафақа дар Тоҷикистон аз 1 сентябр боло меравад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, барои то 15 дарсад боло бурдани маоши кормандони идораҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия фармон содир кард. Ин фармон 14-уми август содир шуд ва аз 1-уми сентябри имсол ба иҷро медарояд.

Музди миёнаи маош дар Тоҷикистон 1169 сомомониро ташкил мекунад.

Бар асоси фармон, маоши кормандони бахши маорифу илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони идораҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд, 15 дарсад боло бурда мешавад. Аз якуми сентябр андозаи нафақа низ мувофиқи ин фармон боло бурда мешавад.

Дар матни қарор, ки хадамоти матбуоти президент ба нашр расондааст, гуфта мешавад, андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 15,4 дарсад ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 13,5 дарсад зиёд карда мешавад. Ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол 180 ва нафақаи меҳнатӣ 850 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ба ҳамин минвол, андозаи стипендияи донишҷӯён низ 15 дарсад боло меравад. Ҳоло ҳадди ақали стипендия 130 сомониро ташкил мекунад.

Музди миёнаи маош дар Тоҷикистон, бино ба иттилои охирин, ки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ эълон кард, 1169 сомониро ташкил мекунад.

Амонулло Акрамов
Амонулло Акрамов

Амонулло Акрамов, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон, рӯзи 14-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумат бо назардошти имконияти буҷети давлат маошро боло мебарад.

"Албатта, 15 дарсад боло бурдани маош то ҳадде инфлятсияро рӯйпӯш мекунад. Сатҳи инфлятсия дар ду соли охир тақрибан дар сатҳи 7 дарсад қарор дорад", - гуфт ӯ.

Акрамов гуфт, ҳанӯз ҳам мизони ҳадди ақали маош дар Тоҷикистон аз хароҷоти ҳадди ақали зиндагӣ (прожиточный минимум) камтар аст, вале ҳукумат "бо назардошти имкониятҳои буҷет маошро боло мебардорад. Имконияти буҷет маҳдуд аст".

Бори охир мизони маошу нафақаҳо дар Тоҷикистон ду сол қабл - моҳи сентябри соли 2016 боло бурда шуда буд. Бино ба тасмими ҳукумат, дар соли 2016 музди меҳнати кормандони идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиҳо 15 дарсад, кормандони муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 дарсад, муассисаҳои бахши ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат 25 дарсад зиёд карда шуда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG