Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон маҳорати тирпаррониашро намоиш дод


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳангоми намоиши маҳорати тирандозӣ
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳангоми намоиши маҳорати тирандозӣ

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷараёни боздидаш аз вилояти Балкан дар маросими ифтитоҳи як қисми низомӣ иштирок карда, бори дигар маҳорати тирпарронии худро ба намоиш гузошт.

Хабаргузории расмии Туркманистон рӯзи 10-уми август навишт, ки Бердимуҳаммадов аз қисми марзбоние боздид карда, бо дастгоҳҳои мухобиротӣ, техникаҳои махсус, маркази иттилоотӣ, бунгоҳи тиббӣ ва маҳалли ғизохӯрии сарбозони он ошно шуд.

Президент ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар мулоқот бо сарбозон, ки ба санаи 26-умин солгарди таъсисёбии Нирӯҳои марзбонӣ ва Рӯзи марзбонон дар ин кишвар рост омад, маҳорати тирпарронии худро намоиш дод.

Бердимуҳаммадов дар ҳузури раҳбарони ниҳодҳои қудратии кишвараш аз силоҳҳои гуногун истифода карда, чун ҳамеша нишон дод, ки силоҳро аз дигарон хубтар медонад.

Ӯ бо хоҳиши яке аз низомиён дар нишоне соядаст гузошта, ба осорхонаи Хадамоти марзбонии Туркманистон дод.

XS
SM
MD
LG