Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "30 ҳазор тан аз нерӯҳои ДИИШ дар Ироқ ва Сурия ҳастанд"


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, то 30 ҳазор нафар аз афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия ҳузур доранд ва шабакаи байналмилалии ин гурӯҳ, як таҳдиди рӯ ба афзоиш аст.

Коршиносони СММ дар гузорише, ки рӯзи душанбеи 13-юми август ироа шуд, гуфтаанд, бо вуҷуди пешрафтҳо дар набард алайҳи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, эҳтимолан "нусхаи пинҳонӣ" ва хурде аз ин гурӯҳ дар ҳар ду кишвар наҷот пайдо хоҳад кард. Дар ин гузориш ба ҳимояти чашмгири гурӯҳҳои вобаста дар Афғонистон, Либия, Ғарби Африқо ва Ҷануб-Шарқи Осиё, низ ишора шудааст.

Дар ҳоле, ки нерӯҳои ироқӣ дар амалиётҳои пайдарпай онҳоро аз минтақаҳои зери назорат берун ронданд ва дар Сурия низ нуфузи онҳо коҳиш ёфт, аммо ин гурӯҳ ҳамчунин муваффақ шудааст, даст ба амалиётҳо бизанад.

Гузориши нави коршиносони нозир бар таҳримҳо алайҳи ДИИШ ва Ал-Қоида, барои аъзои Шӯрои амнияти СММ фиристода шудааст. Ин гузориш шумораи афроди ДИИШ дар Сурия ва Ироқро байни 20 то 30 ҳазор тахмин мезанад, ки шумораи қобили таваҷҷуҳе аз онҳоро "ҷангҷӯёни террористи хориҷӣ ва фаъол" ташкил медиҳанд. Ин омор бар асоси тахмини ироашуда аз сӯи кишварҳоест, ки дар гузориши СММ номе аз онҳо бурда нашудааст.

Ба гуфтаи нозирони СММ, бо вуҷуди он, ки бисёре аз афрод, тарроҳони ҳамлаҳо ва фармондеҳони ДИИШ дар ҷангҳо кушта шудаанд ва бисёре аз онҳо низ минтақаҳои бӯҳрониро тарк кардаанд, аммо хеле аз онҳо дар Ироқ ва Сурия боқӣ мондаанд. Бархе ҳанӯз дар ҳоли анҷоми амалиёти низомӣ ҳастанд ва шумори дигаре низ дар миёни мардуми ҳамфикри худ дар шаҳрҳо пинҳон шудаанд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки дар соли 2014 дар Сурия ва Ироқ иддаои хилофат кард ва замоне назорати аз се як ҳиссаи қаламрави Ироқ ва бахшҳои калоне аз Сурияро дар ихтиёр дошт. Дар ҳоле, ки нерӯҳои ироқӣ дар амалиётҳои пайдарпай онҳоро аз минтақаҳои зери назорат берун ронданд ва дар Сурия низ нуфузи онҳо ба шакли қобили мулоҳиза коҳиш ёфт, аммо ин гурӯҳ ҳамчунин муваффақ шудааст, даст ба амалиётҳо бизанад.

Аз ҷумла, моҳи гузашта онҳо тавонистанд бахшҳое аз шаҳри Ал-Букмолро дар вилояти Дайр Аз-Зури Сурия ва дар марз бо Ироқ тасарруф кунанд. Ин шаҳр як сол буд дар назорати нерӯҳои давлатӣ қарор дошт. Сухангӯи эътилоф бо раҳбарии Амрико дар ҷараёни мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" қаблан гуфта буд, тибқи ҳисобҳои онҳо дар ҳоли ҳозир камтар аз се ҳазор ҷангии гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия боқӣ мондаанд.

Дар гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид дар айни ҳол гуфта шудааст, ки шабакаи байналмилалии "Ал-Қоида" низ "нишонаҳое аз бозгашт нишон додааст". Ба хусус, ки дар бархе кишварҳо монанди Яман, Ҷануби Осиё ва минтақаҳои соҳили Африқо, онҳо нуфузи бештаре дар муқоиса бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" доранд.

Ин гузориши СММ дар ҳоле нашр мешавад, мақомоти тоҷик то ба ҳол шумораи шаҳрвандони кишварро, ки ба сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста ва дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат карданд, ҳудуди 1500 тахмин мезаданд. Аммо худи ҷангиёни тоҷик борҳо дар наворҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, сафи худро бештар аз ҳисобҳои мақомот донистанд.

XS
SM
MD
LG