Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Руминия ба хушунат печид. Садҳо нафар захмӣ шуд


Дар натиҷаи даргирии байни пулис ва эътирозгарони зидди фасод дар Руминия садҳо тан захмӣ шуданд.

Мақомоти Руминия мегӯянд, пас аз онки тазоҳуроти зидди фасод ба хушунат печид, 440 нафар, аз ҷумла беш аз даҳ пулиси зидди шӯриш захмӣ шуданд.

Рӯзи 10-уми август ҳазорҳо нафар барои иштирок дар тазоҳуроти зидди фасод дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия, ба хиёбонҳо баромада ва хостори истеъфои ҳукумат ба хотири тағйир дар қонунҳои он кишвар шуданд.

Мунтақидон гуфтанд, ин тағйирот пайгарди қонунии фасодро дар он кишвар душвор хоҳад кард.

Тазоҳуроти даҳуми август замоне ба хушунат печид, ки пулиси зидди шӯриши Руминия барои пароканда кардани эътирозгарон аз тӯпҳои обпош ва гази ашковар истифода кард.

XS
SM
MD
LG