Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ бомбаборони Яманро таҳқиқ мекунад


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар бораи бомбаборони ахири Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ дар Яман бояд баррасии шаффофу қобили боварӣ анҷом дода шавад.

Бино ба гузоришҳо, дар ҳамлаи ҳавоии рӯзи 9-уми августи нирӯҳои Эътилоф ба як бозор дар шимоли Яман 29 тифл кушта шудааст.

Ҳамла мошинеро дар Яман ҳадаф қарор дода буд, ки гуфта мешавад хонандагони мактабро интиқол медод. Дар натиҷаи ин ҳамла даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд.

Карен Пирс, сафири Бритониё дар Созмони Милали Муттаҳид ва раиси Шӯрои амният рӯзи 10-уми август гуфт, аъзои шӯро дар бораи ин ҳамла ва ҳамлаҳои дигаре, ки дар ин авохир дар Яман сурат гирифт, нигаронии шадиди худро иброз доштанд.

Шӯришиёни ҳусӣ Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудиро дар ин ҳамла гунаҳкор медонанд.

Видеоҳои охирин

Сафири Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон меравад - Гуфтугӯ бо Бишчевич
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:13 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG