Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин таҳримҳои нави Амрикоро “комилан ғайриқонунӣ” хонд


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – таҳримҳои нави эҳтимолии Амрико алайҳи ин кишварро комилан ғайриқонунӣ хонд ва маҳкум кард. Расонаҳои Русия дар ин бора аз қавли Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, гузориш доданд.

Песков гуфтааст, Владимир Путин рӯзи 10-уми август дар нишасти Шӯрои амнияти Русия тасмимҳои, ба қавли ӯ, ғайридӯстонаи Вашингтонро мавриди баҳс қарор додааст. Сухангӯи Кремл ба расонаҳо гуфтааст, дар ин нишаст таъкид шуд, чунин иқдомот аз нигоҳи қонунҳои байналмилалӣ ҳеч машрӯият надорад.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҳам дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои амрикоиаш Майк Помпео гуфтааст, Маскав нақшаи ахири таҳримҳои Вашингтонро рад мекунад.

Қабл аз ин, Дмитрий Медведев – нахуствазири Русия – гуфта буд, ки агар Вашингтон бар бонкҳои Русия таҳрим ҷорӣ кунад, Маскав онро эълони ҷанги иқтисодӣ хоҳад номид ва дар баробари он ба иқдомоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва дар сурати зарурат аз роҳҳои дигар кор хоҳад гирифт.

Вазорати умури хориҷии Амрико ҳафтаи гузашта гуфт, ки дар иртибот ба воқеаи моҳи марти имсол, яъне заҳролудшавии Сергей Скрипал, ҷосуси собиқ ва духтари вай дар Бритониё бар Русия таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад кард. Амрико, Бритониё ва чанд кишвари дигар мегӯянд, ин ҳамла аз сӯи Русия ва тавассути гази харобкунандаи асаб бо номи “Новичок”, ки дар замони Шӯравии собиқ сохта шуда буд, сурат гирифтааст.

Кохи Сафед рӯзи ҷумъа бори дигар ҳамлаи кимиёвӣ бар Сергей Скрипалро маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG