Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор узви "бандаи ГТА" барои якумр ба зиндон рафт


Аъзоёни бандаи GTA Ҳазратхон Додхонов дар додгоҳи минтақаи Маскав
Аъзоёни бандаи GTA Ҳазратхон Додхонов дар додгоҳи минтақаи Маскав

Додгоҳи вилояти Маскав рӯзи панҷшанбе чаҳор узви гурӯҳи маъруф ба "банадаи ГТА" - сокинони Осиёи Марказӣ Шерҷон Қодиров, Умар Ҳасанов, Анвар Улуғмуродов ва Ҳазратхон Додхоновро, ки ронандаҳоро дар роҳҳои Маскав, манотиқи ҳошияҳои атрофи Маскав ва вилояти Калужск мекуштанд, ба зиндони абад маҳкум кард. Нафари панҷум - Зафарҷон Ғуломов барои 20 сол ба зиндони низомаш сангин маҳкум шуд.

Ин панҷ нафар аз рӯи 17 мавриди куштор, ки дар солҳои 2012 то 2014 содир шудаанд, бандитизм, ғоратгарӣ, тавлид ва нигаҳдории силоҳ ва ҳамчунин дуздии аснод муҷрим эълон шуданд.

Ба гуфтаи тафтишот, "ҷинояткорон одамҳоро мекуштанд, то паванди байниҳамиро бо куштор қавӣ кунанд ва собит намоянд, ки барои узви банда будан сазовор ҳастанд". Муттаҳамони "банадаи ГТА" дар додгоҳ ҳамдастии худро дар ин ҷиноятҳо тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, худашон бевостита дар он иштирок накардаанд.

Ин гурӯҳ, ки матбуот онро барои шабоҳаташ ба бозии компютерии GTA "бандаи ГТА" ном гузошт соли 2012 аз тарафи шаҳрванди Қирғизистон Ибодулло Субҳонов таъсис ёфт. Аъзои гурӯҳ ронандаҳоро дар роҳ манъ карда бо силоҳ мекуштанд ва дороии онҳоро мегирифтанд.

Гуфта мешавад, ки ин гурӯҳ дастикам 15 аъзо дошт. Ба ғайри панҷ нафаре, ки имрӯз ҳукм гирифтанд, чаҳор нафар моҳи август дар бинои додгоҳи вилояти Маскав дар ҳоле кушта шуд, ки муҳофизро бесилоҳ карда аз силоҳ оташ кушод.

XS
SM
MD
LG