Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона бозпахши даҳҳо телевизиони хориҷиро қатъ мекунад


Бинои ҳукумати Қазоқистон
Бинои ҳукумати Қазоқистон

Вазорати иттилоот ва иртибототи Қазоқистон рӯзи гузашта таҳдид кард, ки бозпахши даҳҳо телевизионҳои хориҷиро, ки дар ин кишвар намояндагӣ надоранд, қатъ мекунад.

Дар сомонаи вазорат дар рӯйхате, ки 8 август нашр шуд, номи 88 телевизион зикр шудааст. Дар байни онҳо шабакаҳои маъруфи ҷаҳонӣ амсоли Sky News, Fox News, France 24, Bloomberg Television, телевизиони "Дожд", инчунин Russia Today TV низ ҳастанд.

Бино бар иттилои сомонаи вазорати иттилоот ва иртиботот, бар асоси қонун "Дар бораи фаъолияти радио ва ТВ", шаҳодатномаи сабти номи ҳамаи шабакаҳои телевизионии хориҷие бозпас гирифта шудааст, ки дар кишвар намояндагӣ боз накардаанд. Ба ин далел, бозпахши мавҷи телевизионҳои мазкур қатъ мешавад.

Соли 2017 дар Қазоқистон ба қонун "Дар бораи фаъолияти радио ва ТВ" тағйирот ворид шуд, ки ҳамакнун бар асоси он тағйирот, телевизионҳои хориҷие, ки дар ин кишвар ҳамчун шахси ҳуқуқӣ сабти ном нашудаанд ва ё намояндагӣ надоранд, баста мешаванд.

Ба иттилои мақомот, дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 307 шабакаи телевизон ва радиои хориҷӣ сабти ном шудааст. Аз ин шумор 219 адад намояндагӣ таъсис додаанд.

XS
SM
MD
LG