Қурби рубли русӣ дар баробари доллари амрикоӣ ба поёнтарин сатҳи моҳи апрел фаромад. Коҳиши башиддати рубл баъди пахши хабарҳо дар бораи таҳримҳои нави ИМА алайҳи Русия оғоз шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии РБК рӯзи 8 август хабар дод.
Қиммати доллар то беш аз якуним рубл боло рафт ва 56 рублу 5 копейк шуд. Рӯзи 7 август ин рақам 63 рублу 49 копейк буд. Нархи евро низ боло рафт ба ба сатҳи 74 рублу17 копейк расид.
Тавре қаблан маълум шуд, сенаторҳои амрикоӣ пешниҳод карданд, ки Русия "сармоягузори терроризм" эътироф шавад.
Ба маълумоти матбуот, "Қонун дар бораи ҳимояи амнияти Амрико аз таҳоҷуми Кремлин 2018" , таъсиси сохтори ягонаи таҳримҳо алайҳи Русия - аз акти Магнитский гирифта то муқовимат ба душманҳои Амрико аз тариқи ҷорӣ кардани таҳримҳо"-ро пешбини мекунад. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ, ҳамчунин масдуд шудани ҳисобҳои долларии шаҳрвандони Русия ва манъи амалиёти бонкии қарзи давлатии Русия ба шаҳрвандони Амрикоро дар назар аст.