Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин зани мусалмон метавонад узви Конгресси ИМА шавад. ВИДЕО


Рашида Тлаиб

Амрикоии фаластинитабор Рашида Тлаиб аввалин зани мусалмон аст, ки метавонад ба Конгресси Амрико шомилшавад. Тлаиб дар интихоботи пешакии Мичиган аксари овозҳоро дарёфт кард.

Дар ҷараёниовоздиҳие, ки барои палатаи намояндагони Конгресси ИМА намоянда интихоб мекард, ӯ панҷ довталаби ҳамҳизби худро пушти сар гузошт ва пирӯз шуд. Ин намояндаи Ҳизби Демократи Амрико дар ҳавзаи Мичиган дигар рақиб надорад.

Рашида Тлаиб гуфтааст, ки дар сурати интихоб шуданаш ба Конгресс барои бимаи дастрас, боло бурдани ҳадди ақали маош, содда кардани раванди муҳоҷират ва пулиси гумруки Амрико мубориза хоҳад бурд. Ин ниҳодҳо борҳо барои рафтори бераҳмона ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ танқид шудаанд.

Интихоботи миёндаврии ИМА ба моҳи ноябри соли 2018 барномарезӣ шудааст. Дар ин маърака 435 ҷой дар палатаи намояндагон ва 33 ҷой аз 100 нишаст дар Сенат мавриди сабқат қарор мегиранд. Агар демократҳо дар интихобот пирӯз шаванд, президент Трамп дар қабули қарорҳо ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Зани мусулмон имкон дорад вакили Конгресси ИМА интихоб шавад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:47 0:00

Видеоҳои охирин

Маҳаллаи "муаллақ" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG