Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо муҳоҷири афғон аз мушкили иқтисодии Эрон фирор карданд


Созмони байналмилалии муҳоҷират рӯзи сешанбе гуфт, ки дар ҳашт моҳи ахир ҳудуди ним миллион муҳоҷири ғайриқонунии Афғонистон аз кишвари ҳамсояи Эрон ва Покистон ихтиёран ба ватани худ баргаштанд, ё депорт шуданд.

Аз 463 ҳазор - 443 нафар дар Эрон муҳоҷир буданд, аммо бо бад шудани вазъи иқтисодӣ, таъсири он ба бозори кор ва оғози эътрозҳо, аз он кишвар хориҷ шуданд.

Теъдоди муҳоҷироне, ки дар ҳафт моҳи ахир баргаштаанд, баробар ба шумори умумии муҳоҷирон - 450 ҳазор нафарест, ки соли гузашта танҳо аз Эрон ба Афғонистон гузаштанд. Дар муқоиса, аз моҳи январ ба ин сӯ, каме бештар аз 20 ҳазор афғони муҳоҷир аз Покистони ҳамсоя ба ватан баргашт.

Бӯҳрони иқтисодӣ дар Эрон талабот ба бозори кори муҳоҷирони афғонро шадидан коҳиш дод ва таҳримҳои ИМА алайҳи Теҳрон эҳтимол вазъро бештар буғранҷ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 22-уми октябри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG