Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди рейди дирӯза дар Беларусия 5 хабарнигор боздошт шуд


Кофтукоб дар дафтари TUT.BY
Кофтукоб дар дафтари TUT.BY

Панҷ хабарнигори зан дар Беларусия баъди кофутукоби рӯзи 7 август дар дафтари ду оҷонсии мустақили хабарӣ таҳти боздошт қарор гирифтанд.

Пулис мегӯяд, ки хабарнигорони портали TUT.BY ва BelaPAN ба таври ғайриқонунӣ аз хабаргузории давлатии BelTA маьлумот дарёфт мекарданд.

Хабарнигорони ду оҷонсӣ рӯзи 8 август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Марина Золатова, Ҳанна Калтиҳина, Ҳалина Уласик ва Ҳанна Ермачонак аз TUT.BY ва Татяна Каравианкова аз BelaPAN боздошт шудаанд.

Вакилони боздоштшудаҳо то ҳол ба онҳо дастрасӣ надоранд.

Шӯрои ҳуқуқи башари Аврпуо рӯзи 7 август гуфт, ки аз рейд ва боздошти хабарнигорони нашрияҳои мустақил шадидан нигаронӣ шудааст. Созмони хабарнигорони бидуни марз бо пахши як изҳорот ҳодисаро маҳкум ва аз мақомоти Беларусия талаб намуд, ки аз зӯроварӣ ба хабарнигорон даст бардорад.

XS
SM
MD
LG