Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тереза Мей гуфт, ҳарфҳои Ҷонсон дар бораи либоси занон боиси озурдагии хотир мешавад


Собиқ вазири хориҷии Британия Борис Ҷонсон
Собиқ вазири хориҷии Британия Борис Ҷонсон

Нахуствазири Бритониё Тереза Мей гуфт, ки мавзӯи интихоби тарзи пӯшиши либос ба худи занон бастагӣ дорад. Дар вокуниш ба интиқоди таҳқиромези собиқ вазири хориҷаи Бритониё Борис Ҷонсон нахуствазири ин кишвар гуфт, ҳеҷ кас ҳақ надорад ба зан бигӯяд, ки чӣ либосе ба бар кунад. Дар як мусоҳибааш бо нашрияе дар Эдинбург Тереза Мей рӯзи 7 август гуфт:

“Пеш аз ҳама ман ва ҳукумат ба ин бовар ҳастем, ки тарзи пӯшидани либос аз ҷониби занон танҳо ба интихоби занон бастагӣ дорад. Ҳеҷ кас набояд ба занон бигӯяд, ки либосаш бояд чӣ гуна бошад. Тавре мо ин мавзӯъро баррасӣ кардем, хеле муҳим аст, ки ҳар кас эҳтиёткорона сӯҳбат кунад. Рӯшан аст, ки забоне, ки Борис Ҷонсон дар мавриди тарзи пӯшиши либос ба кор бурдааст, боиси озурдахотирӣ мешавад. Ман ба ин шакл сӯҳбат намекунам. Сӯҳбат бо чунин лаҳн як хато аст”.

Ҷонсон барои шӯхӣ дар ҳақи занҳои мусалмон узр напурсид

Сарфи назар аз талаби раиси ҳизби муҳофизакор, вазири пешини умури хориҷии Британия Борис Ҷонсон аз узрхоҳӣ барои шӯхиаш дар бораи либоси суннатии занҳои мусалмон худдорӣ кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии Би-Би-Си рӯзи 8 август хабар дод.

Сиёсатмадор дар ҳоле таҳти мавҷи танқидҳо қарор гирифт, ки гуфт занҳои мусалмон бо чеҳраҳои пӯшида монанд ба қуттии номаҳоянд. Ӯ ҳамчунин занҳои бурқапӯшро ба ғоратгарони бонкҳо монанд кард. Як идда ҳомиёни ҳуқуқи инсон, фаъолони занҳои мусалмон, мухолифин ва баъзе ҳамтоҳои Ҷонсон дар ҳизб шӯхии ӯро таҳқиормез ва тавтеаангез унвон карданд.

Изҳороти зиддунақизи вазири пешин рӯзи 5 август дар нашрияи The Daily Telegraph чоп шуд. Ҷонсон мақомоти Данияро барои қонун дар бораи манъи бурқа танқид кард ва гуфт ҷори кардани ҷарима барои либоси суннатии занҳои мусалмон зиёдаравӣ буд ва ба осиёби тундгароҳо об рехт.

Аммо ӯ ҳамзамон бурқаро абзори саркӯбӣ номид ва гуфт, "дар кӯча зоҳир шудан бо либосе, ки ба қуттии номаҳо мемонад, аҳмақӣ аст".

XS
SM
MD
LG