Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як муҳоҷири тоҷик дар Маскав


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шерафган Остонақулов, як муҳоҷири 35-солаи тоҷик дар пайи садамаи автомобилӣ дар Русия ҷони худро аз даст дод. Мақомот мегӯянд, ӯ барои кор ба мардикорбозор омада буд, аммо як садама ҷони ӯро аз байн бурд.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса баъд аз зуҳри 7-уми август дар шоҳроҳи "Ярославское" дар шимолу шарқи Москав рух додааст.

Ба қавли манбаъ, ин макон ба яке аз мардикорбозорҳо қариб буд ва Шерафган Остонақулов низ барои пайдо кардани кор ба инҷо омада буд. Ҷаноби Аҳмадов афзуд, таҳқиқи ҳодиса шуруъ шуда, намояндагии Хадамоти муҳоҷирон бо наздикон ва кормандони Бозрасии давлатии автобилӣ дар тамос ҳастанд. Мақомот мегӯянд, муҳоҷири ҳалокшудаи тоҷик сокини шаҳри Кӯлоб буд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд. Маризӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро, ихтилофи байни худи тоҷикҳо ва ҳодисаҳои ногаҳоние, чун ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо, аз иллатҳои умдаи марги мардикорони тоҷик дар ин мулки мусофирӣ шумурда мешаванд.

XS
SM
MD
LG