Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари куштори пулиси Узбекистон худкушӣ кард


Дилшод Акрамов
Дилшод Акрамов

Гумонбари куштори Дилшод Акрамов -раҳбари Идораи кулли назорат ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Узбекистон дар бемористон худкушӣ кардаст. Ҷасади Дилшод Акрамов, ки гуфта мешавад бо чандин зарбаи корд кушта шудааст, рӯзи 4 август дар дафтари кориаш пайдо шуд.

Як мақоми баландпояи Вазорати дохилӣ ва яке аз хешони Акрамов ба бахши Узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гумонбар аз зердастони Акрамов буд ва чанд соат баъд аз ошкор шудани ҷасад боздошт шуд.

Ин манбаъ ба Озодлик гуфт, гумонбар, ки ҳуввияташ ошкор нашудааст, эҳтимол вақте Акрамов аз худ дифоъ мекард, ҷароҳатҳои вазнин бардошта буд ва ба бемористон интиқол ёфт.

Гумонбари куштори Дилшод Акрамов худро аз тирезаи бинои баландошёнаи бемористон ба замин партофт, -гуфт як корманди пулис ба Озодлик.

Пулис мегӯяд, ки ҷанҷоли ин ду афсар дар заминаи "масоили хусусӣ" сар зад. Вазорати дохилии Узбекистон гуфт, ки то анҷоми тафтишот ҳодисаро шарҳ намедиҳад.

XS
SM
MD
LG