Пайвандҳои дастрасӣ

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Боку меравад


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари расмӣ озими шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон мешавад. Дафтари матбуоти раисҷумҳур рӯзи 7-уми август ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ин сафар чанд санади нави ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо мерасанд.

Бино ба иттилои Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисҷумҳур, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон рӯзҳои 10-11 август сурат мегирад. Дар ин сафар мулоқоти руасои ҷумҳури Тоҷикистону Озарбойҷон - Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев баргузор мешавад ва инчунин музокироти аъзои ҳукумати ду кишвар дар назар гирифта шудааст. Инчунин дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазир ва раиси порлумони Озарбойҷон ҳам мулоқот анҷом диҳад.

Сухангӯи Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҷузъиёти санадҳое, ки дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон бояд имзо шаванд, дертар эълон хоҳад шуд.

Тоҷикистону Озарбойҷон моҳи маи соли 1992 муносибатҳои дипломатии байни кишварҳоро барқарор карда соли 2008 дар Боку сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст. Мақомоти ду кишвар мегӯянд, ки аз мизони ҳамкориҳо қаноатманд ҳастанд. Ин ду кишвар ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба, аз ҷумла дар чорчӯбаи созмонҳои СММ, САҲА ва ИДМ ҳамкорӣ мекунанд.

Миёни Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз 30 санади ҳамкорӣ имзо шуда, ин ҳамкориҳо марбут ба тиҷорату савдо, андоз, гумрук, корҳои бонкӣ ва ҷалби сармоя мебошад. Соли 2016 мизони табодули молу коло миёни ду кишвар 13 миллион долларо ташкил додааст.

Видеоҳои охирин

Баҳои баде, ки Тоҷикистонро ғамгин мекунад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG