Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба "Амул-Хазар-2018" омода мешавад. ВИДЕО


Раиси ҷумҳури Туркманистон бо писараш дар сари рули мошин

Туркманистон ба мусобиқаи байналмилалии мошинронии "Амул-Хазар-2018", ки қарор аст, миёнаҳои мо сентябр дар ин кишвар баргузор кунад, омода мешавад. Созмондиҳандагони чорабинӣ 5 август дар як нишасти хабарӣ дар ин бора ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд.

Омодагӣ ба мусобиқаи мазкур дар пасманзари хабарҳо дар бораи қатъи ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Ишқобод-Дашоғуз, масири мусобиқа, ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирони корӣ аз пойтахти Туркманистон оғоз шуд.

Раҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Туркманистон ба рӯзноманигорон аз рафти омодагиҳо ба "Амул-Хазар-2018" хабар дода, гуфт, ин мусобиқа бо ташаббуси президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор мешавад ва навореро аз ҷараёни рақобатҳои интихобӣ ва санҷишӣ бо иштироки худи Бердимуҳаммадов намоиш доданд.

Ба гуфтаи дастандаркорон, мусобиқа аз самти шарқ ба ғарби Туркманистон, дар масири пешини Роҳи бузурги абрешим баргузор хоҳад шуд. Масири мусобиқа, ки ба воситаи минтақаҳои саҳроӣ мегузарад, 1500 километр дароз аст.

Мусобиқаи байналмилалии мошинронии "Амул-Хазар-2018" рӯзҳои 9-14 сентябр дар Туркманистон баргузор шуда, ба навиштаи расонаҳои расмӣ, яке аз ҳадафҳои он намоиши симои нави Туркманистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Президенти Туркманистон барандаи мусобиқаи мошинронӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:09 0:00

Видеоҳои охирин

Сокинон мегӯянд, дар шабонарӯз чор соат барқ доранд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG