Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти таҳримҳои Вашингтон алайҳи Теҳрон. Рӯҳонӣ: "Амрико пушаймон хоҳад шуд"


Амрико эълом кард, ки таҳримҳо алайҳи Эронро, ки пас аз созиши ҳастаӣ бардошта шуда буданд, бори дигар ҷорӣ хоҳад кард.

Ин таҳримҳо аз соати 7:30 дақиқаи субҳи сешанбеи 7-уми август ба вақти Теҳрон ба ҳолати иҷро даромад. Президенти Эрон дар вокуниш гуфт, ки Амрико аз ҷорӣ кардани ин таҳримҳо "пушаймон" хоҳад шуд.

Трамп гуфт, ҳадафи таҳримҳо фишор ба иқтисоди Эрон аст

Доналд Трамп рӯзи душанбеи 6-уми август бо имзои як санад, фармони иҷрои ҳукм ба бозгашти таҳримҳои Эронро дод. Вай дар маросими имзои ин фармон гуфт, ки сиёсати Амрико, фишор овардани ҳарчӣ бештар ба иқтисоди Эрон аст.

Чанд соат пас аз эълони бозгашти даври аввали таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, раиси Ҷумҳурии исломӣ дар яке аз телевизионҳои давлатии Эрон суханронӣ карда ва дар вокуниш ба ин таҳримҳо гуфт, ки Амрико аз ин иқдом пушаймон хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, ки созиши ҳастаӣ дар соли 2015 бо Эрон дар ивази бекор кардани таҳримҳо, "созиши ваҳшатнок ва яктарафа" будааст. Оқои Трамп гуфт, ки ин созиш боис шуд, то пул ба Эрон сарозер шавад ва аз он барои даргирӣ дар Ховари Миёна истифода кунад.

Вай гуфт, ки Амрико аз ҳама кишварҳои ҷаҳон мехоҳад, "то рӯшан кунанд, ки режими Эрон бо як интихоб рӯбарӯст: ё рафтори таҳдидгарона ва бесуботкунандаашро тағйир диҳад ва ба иқтисоди ҷаҳонӣ бипайвандад, ё ба роҳе, ки дар ҳошия қарор дорад, идома диҳад."

Трамп ҳушдор дод, кишварҳое, ки робитаашонро бо иқтисоди Эрон қатъ накунанд, дар чорчӯби бозгашти таҳримҳо "бо оқибатҳои шадиде" рӯбарӯ хоҳанд шуд. Оқои Трамп дар айни ҳол гуфт, ки ҳамчунон омодаи дастёбӣ ба созиши ҷомеъ ва комил бо Эрон аст.

Ҳамзамон мақомҳои вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи душанбеи 6-уми август эълом карданд, ки беш аз сад ширкати байналмилалӣ мувофиқат кардаанд то бозори Эронро тарк кунанд. Ин мақомҳо, ки номашон фош нашудааст, гуфтаанд, таҳриҳои Амрико "фишорҳои молии сахтеро рӯи иқтисоди Эрон" хоҳад гузошт. Бо ин ҳол афзудаанд, ки ҳадаф аз ин фишорҳо, тағйири режими Эрон нест, балки тағйири рафтори ин кишвар аст.

Таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон аз чӣ иборат аст?

Бозгашти таҳримҳои алайҳи Эрон, ки аз субҳи имрӯз ба ҳолати иҷро даромад, иборатанд:

-- Хариду фурӯши доллар аз сӯи ҳукумати Эрон

--Додуситади тилло ва дигар фулузоти гаронбаҳо тавассути Эрон,

--хариду фурӯши мустақим ё ғайримустақими фулузоти хом ё ниматамом, назири алюминиюм ва низ ангиштсанг ва ҳамчунин нармафзорҳои мавриди истифода дар соҳаи саноат тавассути Эрон,

--бархӯрдории ҳукумати Эрон аз осониҳои молии хориҷӣ,

--бахши мошинсозии Эрон,

--додуситади ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ ва қисмҳои онҳо,

--воридоти қолин ва маводи ғизои (писта) эронӣ ба Амрико.

Иттиҳодияи Аврупо, вазирони умури хориҷии Олмон, Фаронса ва Бритониё аз бозгашти таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ибрози таассуф карданд. Ба гузориши хабаргузориҳо, онҳо гуфтаанд, ки созиши ҳастаӣ бо Эрон иқдоме "ҳайётӣ барои Аврупо, минтақа ва ҳама ҷаҳон аст."

Рӯҳонӣ: "Амрико пушаймон хоҳад шуд"

Чанд соат пас аз эълони бозгашти даври аввали таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, раиси Ҷумҳурии исломӣ дар яке аз телевизионҳои давлатии Эрон суханронӣ карда ва дар вокуниш ба ин таҳримҳо гуфт, ки Амрико аз ин амалаш пушаймон хоҳад шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ.
Ҳасани Рӯҳонӣ.

Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, "агар муттаҳидона бо ҳам кор кунем, хеле зуд Амрикоро пушаймон мекунем" ва афзуд, "мо агар битавонем бо дунё хуб кор кунем ва талош кунем, амрикоиҳо мефаҳманд, таҳримҳо наметавонад таъсиргузор бошад ва зудтар бозмегардад."

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамзамон ҷорӣ кардани таҳримҳо ва дархости музокира аз сӯи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро "бемаъно" донист. Раиси ҷумҳури Амрико чанд рӯз пеш гуфт, ки бидуни ҳеҷ шарте омода аст бо раҳбарони Эрон мулоқот кунад.

Оқои Рӯҳонӣ таҳримҳо алайҳи Эронро ба корде ташбеҳ кард, ки ба гуфтаи ӯ, Амрико дар бозуи Эрон даровадааст. Ӯ гоми аввал барои музокираро бекор кардани таҳримҳо донист ва хитоб ба Амрико гуфт, "аввал бояд кордро берун кунад."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG