Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани олмонӣ дар Ироқ ба зиндони абад маҳкум шуд


Марде бо парчами Ироқ аз пирӯзи бар ДИИШ шодӣ мекунад
Марде бо парчами Ироқ аз пирӯзи бар ДИИШ шодӣ мекунад

Додгоҳи Бағдод як зани олмонӣ бо номи Надия К.,-ро барои узвият дар гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" ба зиндони абад маҳкум кард. Дар ин бора Deutsche Welle рӯзи 6 август хабар дод. Ин қарор метавонад бознигарӣ шавад.

Модираи Надия К., як олмонии мароқандитабор моҳи январи соли равон ба марг маҳкум шуд. Додгоҳи Ироқ ӯро дар содир кардани як идда ҷиноят муҷрим эълон кард. Ин зан ҷиноятҳоро ҳангоми дар сафи гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ буданаш содир кардааст. Баъдан ҳукми эъдоми ин зан ба зиндони якумрӣ иваз шуд.

Тавре Deutsche Welle мегӯяд, соли 2014 модару духтар тавассути Туркия ба Сурия, ба қаламравҳои таҳти назоратии ДИИШ сафар карданд. Онҳо баъдан ба Мосул гузаштанд. Модару духтарро низомиёни Ироқ баъди озод шудани Мосул аз ДИИШ боздошт карданд.

Моҳи декабри соли 2017 Ироқ пирӯзӣ бар ДИИШ-ро эълон кард, ки аз соли 2014 сеяки ин кишварро таҳти назорат дошт. Ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" аз тамоми манотиқи аҳолинишин дар ҳарду самти марз ронда шуданд.

XS
SM
MD
LG