Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таътилҳои мавсимӣ дар мактабҳои Тоҷикистон барқарор шуданд


Мақомоти маориф низоми таътилҳои тирамоҳиву баҳориро баргардонидаанд. Дар соли хониши нав таътили якмоҳаи зимистонӣ барҳам хӯрда, ҷои онро се таътили якҳафтаӣ гирифт. Ин ҳамон низомест, ки дар давраи шӯравӣ амал мекард.

Осим Каримзода, мудири маорифи вилояти Суғд мегӯяд, тибқи низомномаи нави ҳайъати мушовараи вазорати маориф, дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии Тоҷикистон таътили як-моҳаи зимистонӣ барҳам дода шуд ва ба ҷои он хонандагон баъди ҷамъбасти ҳар чоряки таҳсил, тирамоҳу зимистон ва баҳор якҳафтаӣ истироҳат хоҳанд кард.

Аз рӯи низомномаи нав, соли таҳсил 1 сентябр шурӯъ шуда, 7 июн ба анҷом мерасад ва баъди ин имтиҳонҳо оғоз меёбад. “Ҳозир мутахассисон ҳисоб карда истодаанд, ки имтиҳонҳо дар мактаб то кай идома хоҳанд кард ва рӯзи охири имтиҳонҳоро ҳам эълон мекунанд,” - гуфт ин масъули маорифи Суғд.

Қаблан соли хониш дар Тоҷикистон 1 сентябр сар шуда, 25 май занги охирин садо медод. Мақомоти маориф то 7 июн дароз шудани соли таҳсилро ба зиёд шудани соатҳои дарсии фанҳои дақиқ дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии кишвар рабт медиҳанд. Ин кор, ба гуфтаи мудири маорифи Суғд, ба хотири ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани барномаи таълимии мактабҳои кишвар амалӣ шудааст.

То ҳашт соли пеш дар Тоҷикистон соли таҳсил мисли замони шӯравӣ рӯзи 25-уми май ҷамъбаст мешуд ва занги охир ҳам дар ҳамин рӯз садо медод. Вале мақомоти маориф соли 2010 ба сабаби сардии синфхонаҳо ва норасоии нерӯи барқ, таътили зимистониро то як моҳ тамдид карда, таътилҳои якҳафтаинаро барҳам доданд.

Охири моҳи маи имсол беш аз 600 падару модар бо ирсоли як нома ба ҳукумати кишвар хостори баргардонидани занги охир ба рӯзи 25-уми май ва ҳам дубора барқарор шудани таътилҳои кӯтоҳмуддати байни чорякҳо шуданд. Онҳо аз тӯлонӣ будани соли таҳсил, ки бидуни истироҳат дар мавсими тирамоҳу баҳор ва дар гармои тобистон то 7 июн идома мекард, нигаронӣ карданд. Волидон интизор доштанд, ин дархости онҳо ба назар гирифта мешавад. Вале то ҳоли ҳозир низоми таътил ислоҳ шуда, вале дигар муқаррарот бетағйир мондааст.

XS
SM
MD
LG