Пайвандҳои дастрасӣ

Mail.ru Group ба афви муаллифони "Like ва share" даъват кард


Логои mail.ru Group

Mail.ru Group, ки ба шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" марбут аст, ба афви онҳое даъват, ки барои "Like" ва бознашри матолиби шабакаҳо ҳукм гирифтанд. Ин гурӯҳ ҳамчунин даъват кард, ки репост ё бознашри матлабҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷурм ҳисоб нашавад.

Дар бисёр минтақаҳои Русия таҷрибаи боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи корбарони шабакаҳо барои "Like" ва бознашр густариш меёбад. "Дар бисёр маворид амалкарди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба таҳдиди амният марбут набуда, бархурди онҳо ба корбарон бисёр сахт аст," - омадааст дар изҳороти Mail.ru Group.

Охири моҳи июн Думаи давлатии Русия тарҳи қонун дар бораи манъи муҷозот барои бознашри матлабҳо дар Интернетро қабул кард. Муаллифони ин қонун бар ин назаранд, ки бознашри хабару мақолаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз рӯи дараҷаи хавф ба ҷомеа, дар сатҳи ночиз қарор дорад ва аз ин рӯ наметавонад ҷиноят ҳисоб шавад.

Видеоҳои охирин

Акнун кадуи рекордӣ 645 килограмм вазн дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG