Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сол 31 шаҳрванди Қирғизистон аз асорати Туркия раҳо шуданд


Соли 2017 ҳудуди 303 шаҳрванди хориҷӣ аз асорат дар Туркия раҳо шуданд. 86 тани онҳо шаҳрвандони Сурия, 31 тан аз Қирғизистон ва 25 нафар аз Марокаш будаанд.

Ба иттилои Сарраёсати хадамоти муҳоҷирати Туркия, шаҳрвандони хориҷиро ваъдаи кор дар шаҳрҳои калоне амсоли Анталия, Истамбул ва Анқара фирефта мекунад. Дар давоми се соли охир 642 шаҳрванди хориҷӣ, ки аз ин шумор 460 танашон занҳо будаанд, ба ваъдаҳои бепоя ба доми гурӯҳҳои ҷиноӣ афтодаанд.

Дар идораи муҳоҷирати Туркия бештар аз 19 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон сабти ном шудаанд. Аксари шаҳрвандони Қирғизистон дар Истамбул, Анқара, Анталия, Измир ва шаҳрҳои бузурги дигари Туркия кор ва иқомат мекунанд.

XS
SM
MD
LG