Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресс буҷаи низомии ИМА-ро барои соли 2019 қабул кард


Бинои Конгресси ИМА
Бинои Конгресси ИМА

Конгресси ИМА буҷаи мудофиаи Амрикоро бо суръати рекордӣ тасвиб кард ва барои имрзо ба раиси ҷумҳур фиристод. Буҷа афзоиши харҷи низоимро то 2 дар сад ва теъдоди низомиёнро ба 15600 нафар боло бурд.

Санад дар чаҳорчӯби мубориза бо терроризм барои пешбурди маъракаи низомӣ дар Афғонистон, Сурия, Яман, Ироқ, Нигер, Либиё ва Сомали маблағ ҷудо кард. Аз сӯи дигар санад таъғири бартариҳои Пентагон аз ҷангҳои камшиддат ба самти муқовимат бо абарқудратҳои дигар, Чин ва Русияро мунъакис мекунад.

Конгресс дархости буҷавии Пентагонро густариш дод ва ба он як киштии ҳавопаймобар илова кард. Нерӯҳои баҳрӣ барои бунёди дастикм 30 киштии нав сармоя мегиранд. Ин нисбат ба барномаи киштисозии Нерӯҳои баҳрии Русия дар соли равон ду баробар камтар аст. Санад ҳамчунин 6,3 миллирд долларро барои тақвияти дифоии кишварҳои ҳаммарз бо Русия дар назар гирифтааст. Ба ғайр аз ин, Пентагон дастур гирифтааст, ки имкони истиқрори доимии воҳидҳои ҷангии ИМА ба дар Лаҳистонро мавриди омӯзиш қарор диҳад.

Буҷаи низомӣ бо аксари райъи ҳарду палатаи Конгресс қабул шуд.

XS
SM
MD
LG