Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ Туркманистонро дар марги хабарнигори Радиои Озодӣ масъул донист


Огулсапар Муродова
Огулсапар Муродова

Бунёди ҷамъияти озод хабар дод, ки Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ Туркманистонро дар шиканҷа ва марги Огулсапар Муродова масъул донист.

"Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ вазъи риққатбори ҳуқуқи башарро дар Туркманистон сахт маҳкум карда, мақомоти ин кишварро дар шиканҷаву марги рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ Огулсапар Муродова, ки баъд аз мурофиаҳои додгоҳии ноодилона моҳи сентябри соли 2006 дар зиндон вафот кард, масъул донист", - навишт сомонаи бунёд 2 август.

Муродова миёнаҳои моҳи июни он сол ҳамроҳи бародараш Аннадурдӣ Хоҷиев ва фаъоли маданӣ Аннақурбон Амонқличев боздошт ва дертар дар зиндон даргузашт. Сабаби марги ӯ ва ҳатто зиндоне, ки дар он нигаҳдорӣ мешуд, маълум нест.

Маъмурони Хадамоти амнияти Туркманистон 14 сентябр ба наздикони Муродова танҳо хабар доданд, ки вай дар зиндон даргузаштааст. Бунёди турмкании Ҳелсинкӣ он замон бо истинод ба фарзандони Муродова хабар дод, ки сари рӯзноманигор "захми бузург"-е дошт.

Муродоваи 58-сола ҳаммуассиси созмони ҳуқуқии мустақили "Бунёди туркмании Ҳелсинкӣ" ва хабарнигори Радиои Озодӣ дар Туркманистон буд. Муродова дар нигаҳдории силоҳ айбдор мешуд. Вале худи ӯ ин айбро рад карда буд.

XS
SM
MD
LG