Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори захмишудаи Бюрои иҷрои ҷазои Узбекистон даргузашт


Логои Идораи иҷрои ҷазои Узбекистан
Логои Идораи иҷрои ҷазои Узбекистан

Сардори Бюрои иҷрои ҷазо дар ноҳияи Яккабеди Узбекистон рӯзи 2 август дар бемористон вафот кард. Се моҳ пеш ба ӯ дар пайи ҳамлаи як зердасташ, ки аз мақом барканор шуда буд, захм бардошт. Баҳром Ҷӯраев, сардори пешини Бюрои иҷрои ҷазо дар яке аз бемористонҳои шаҳри Тошканд вафот кард.

"Баъди он ки Баҳрои Ҷӯраев Шавкат Ибратовро аз кор барканор кард, Шавкат дар ҳоли мастӣ бо корд ба утоқи сардор омад. Шавкат ба Баҳром чаҳор корд зад. Табибон барои наҷоти ӯ талоши зиёд карданд, аммо вай 2 август вафот кард", - гуфт як корманди Бюро.

Ибтидои моҳи май хабар расид, ки Шавкат Ибратов ба сардори Бюро бо корд ҳамла кардааст. Ибратов мегӯяд, ӯро бе баҳона аз мақом барканор кардаанд. Ибратов боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG