Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдими ҳадя ба онҳое, ки ба сайёҳон кӯмак кардаанд


Мақомоти Тоҷикистон ба афроде, ки дар боздошти афроди муттаҳам ба ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара кӯмак кардаанд, мукофот додаанд. Хабаргузории давлатии “Ховар” навиштааст, ки гурӯҳи кории ҳукумат зери раҳбарии Абдуҷаббор Раҳмонзода, дастёри раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҷамоатҳои Лолазор ва Лоҳури ноҳияи Данғара рафтаанд ва дар онҷо бо мардум ва онҳое, мулоқот кардаанд, ки дар ошкор кардани ҷойи муттаҳамон ба ҷиноят ба мақомот кӯмак расонидаанд.

“Абдуҷаббор Раҳмонзода ба сокинони ноҳия, ки дар рӯзи содир шудани амали террористӣ ва баъди он ба зарардидагон — сайёҳони хориҷӣ дасти мадад дароз намуда, бо мақомоти ҳифзи тартибот ва қонун ҷиҳати саривақт ошкор намудани омилони ин ҷинояти ваҳшиёна ҳамкорӣ ва мусоидат карданд, изҳори ташаккур намуд” - омадааст, дар хабар.

Баъди куштори чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар Данғара дар рӯзи 29-уми июл вазорати умури дохилӣ бо нашри акси муттаҳамон ба ҷиноят эълон кард, ҳар касе, ки дар пайдо кардани онҳо кӯмак мекунад, подоши калони молӣ мегирад.

Хабаргузории “Ховар” нагуфтааст, ки мақомот ба афроди кӯмак карда чӣ подош ва ё мукофот додаанд. Маъмурони амниятии Тоҷикистон дар амалиёт ба зидди мутаҳҳамон ба ҷиноят 4 нафари онҳоро куштанд ва се тани дигарро дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG