Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 10 нафар дар робита ба ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ


Рӯзи фоҷиа

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки дар робита ба куштори ваҳшатангези чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар Данғара 10 нафари дигарро дастгир кардаанд.

Додситонӣ рӯзи 3-уми август бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ду нафар барои мусоидат кардан ба “маблағгузории раҳбари ин гурӯҳ Ҳусейн Абдусамадов” ва 8 нафари дигар барои пинҳон доштани ҷиноят ва ё “барои хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба тайёрӣ ба содир намудани амали террористӣ” дастгир шудаанд. Мақомот баъди ин ҳодиса 4 нафар аз муттаҳамон ба ҷиноятро куштанд ва се тани дигарро дастгир карданд.

Рӯзи 29-уми июл гурӯҳе аз ҷавонон ба 6 нафар аз сайҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ҳамла карда 4 нафари онҳоро куштанд ва ду тани дигарро захмӣ карданд. Ин ҷавонон аввал сайёҳонро бо мошин зер карда ва сипас бо корду табар ба онҳо ҳамла бурдаанд.

Яке аз ин саёҳон, ки аз ҳамроҳонаш дер монда буд, аз ҳамла эмин мондааст вале осеби равонӣ дидааст. Ҳарчанд гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт, вале додситонӣ мегӯяд, қатли сайёҳони хориҷӣ кори дасти Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон аст. Раҳбарони ин ҳизб ин иддаоро рад мекунанд.

Видеоҳои охирин

Охирин омодагиҳо ба интихоботи порлумонии Афғонистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:17 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG