Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се духтари ноболиғ дар садамае дар Данғара ҷон бохтанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳяи Данғара се духтари ноболиғ ба ҳалокат расидаанд Вазорат рӯзи 4-уми август бо нашри як хабари расмӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 3-уми август ба вуқӯъ пайвастааст ва ронандаи 32-сола, ки се ноболиғ дар мошинаш буданд, ҷароҳат бардоштааст.

Ба гуфтаи вазорат, Заробиддин Хидиров ҳангоми ҳаракат дар роҳе дар ҷамоати Пушинги Данғара, зимни ронандагӣ дар мошини сабукрави Опел ба хато роҳ дода ва ба мошини боркаши “ГАЗ-53” бархӯрдааст ва мошинаш ба дохили канал афтодааст.

Дар натиҷаи ин фалокат, се духтари 14, 12 ва 10-сола аз ноҳияи Данғара ҷон додаанд. Мақомот сабабҳои фалокатро таҳқиқ мекунанд. Дар Тоҷикистон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ солона садҳо нафар ҳалок мешаванд ва ҳазорон тани дигар ҷароҳат мебардоранд ва маъюб мешаванд.

XS
SM
MD
LG