Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Туркия муноқишаи байниҳамиро баррасӣ карданд


 Мавлуд Човушоғлу ва Майк Помпео
Мавлуд Човушоғлу ва Майк Помпео

Туркия талош дорад, роҳи ҳалли муноқиша бо ИМА-ро, ки дар робита ба роҳиби амрикоӣ Эндрю Брансон ба миён омадааст, пайдо кунад. Дар ин бора Котиби давлатии Амрико Майк Помпео рӯзи 3 август баъди мулоқот бо вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу хабар дод.

Музокироти вазирони хориҷӣ дар Сингапур, дар чаҳорчӯби форуми Созмони давлатҳои Осиёи Ҷанубиву Шарқӣ баргузор шуд. Човушоғлу гуфтугӯ бо Помпеоро "бисёр созанда" унвон кард. Хабаргузории Reuters рӯзи ҷумъа аз қавли Департаменти давлатӣ гуфт, ки Амрико муколамаро бо Туркияро идома медиҳад.

Роҳиб Эндрю Брансон 20 сол боз дар Туркия зиндагӣ мекунад. Ӯ соли 2016 дар чаҳорчӯби қазияи кӯшиши табаддулот дар ин кишвар боздошт шуд. Вашингтон мехоҳад ӯро ба ватанаш баргардонад.

Ҳафтаи равон ИМА алайҳи ду вазири Туркия, ки Вашингтон онҳоро дар боздошти роҳиб масъул медонад, таҳрим ҷорӣ кард. Анкара дар посух гуфт, ки "забони таҳдид"-ро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG