Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон беқурбшавии тангаро "таъсири равандҳои ҷаҳонӣ" номид


Бонки Миллии Қазоқистон
Бонки Миллии Қазоқистон

Бонки миллии Қазоқистон (БМҚ) бо ҷонибдорӣ аз сиёсати феълии табодули озоди асъори хориҷӣ поинравии қурби миллии ин кишвар - тангаро таъсири равандҳои ҷаҳонӣ номид.

"Дар пасманзари ташдиди сиёсатҳои пулии Низоми федеролии захиравии ИМА беқурбшавии пули миллии бештари кишварҳои дар ҳоли рушд мушоҳида мешавад. Қазоқистон низ дар ин бобат истисно нест", - омадааст дар иттилоияи бонк, ки рӯзи 3 август пахш шуд...

Ба гуфтаи бонк, бештари сармоягузорон дар пасманзари иқдомҳои ахири Низоми федеролии захиравии ИМА афзалиятҳои худро тағйир доданд.

БМҚ мегӯяд, сарфи назар аз нишонаҳои назарраси мусбат дар тавозуни савдо, ки ба афзоиши даромади содиротии сокинон рабт дорад, ҳисоби кунунии тавозуни пардохти Қазоқистон бар асоси даромади сармоягузорони хориҷӣ манфӣ боқӣ мемонад.

Имрӯз дар ҷаласаи "Биржаи фондҳои Қазоқистон” як доллари ИМА 349 танга муайян шуд. Вале ба иттилои сомонаи Kurs.kz, саррофиҳои Алмато субҳи 3 август як доллари амрикоиро 351–352,5 танга харидорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG