Ҳудуди 400 муҳоҷири қирғизи муқими Русия аз президенти Қирғизистон Соронбой Ҷеенбеков дархости кумак карданд. Замине, ки пештар барои ин муҳоҷирон дар вилояти Тула ҷудо шуда буд, дубора ҳукми заминҳои кишоварзиро гирифт.
Як ронандаи таксӣ дар шаҳри Москва бо номи Автандил мегӯяд, ба онҳо барои сохтмони хона дар ин заминҳо иҷозат додаандӯ ва қарор буд ӯ сохтмонро тирамоҳ оғоз кунад.
Чандин муҳоҷири қирғиз аллакай дар заминҳои худ хона сохтанд ва маросими хонадароӣ баргузор карданд. Муҳоҷири қирғиз Нургалӣ Кабилбеков, ки шаҳрвандии Русияро 7 сол пеш дарёфт кардааст, мегӯяд, аз ҳаққи худ дар додгоҳ ҳимоят хоҳад кард.
Вакилони халқии ноҳияи Заоксии Тула 6 июл лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба нақшаи генералии соли 2016-ро рад карданд. Дар натиҷа садҳо қитъаи замине, ки барои бунёди манзил дар деҳаи Клишинко ба муҳоҷирон ҷудо шуда буд, дубора замини кишоварзӣ эълон шуд.