Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорони рус пеш аз қатл бозпурсӣ шудаанд. Видео


Гулгузорӣ ба хотири рузноманигорони кушташуда
Гулгузорӣ ба хотири рузноманигорони кушташуда

"Маркази идораи таҳқиқотҳо" (МИТ) дар робита ба куштори рӯзноманигорони Русия дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (ҶАМ) таҳқиқи худро шуруъ кард. Дар ин бора дар саҳифа шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" иттилоъ пахш шуд.

МИТ як лоиҳаи рӯзноманигории Михаил Ходорковский аст. Рӯзноманигорони кушташудаи рус Орхан Ҷамол, Александр Расторгуев ва Кирилл Радченко маҳз барои ин тарҳ дар Африқо дар бораи зархаридони "ширкати хусусии низомии Вагнер" филми ҳуҷҷатӣ таҳия мекарданд.

Ин се рӯзноманигор чанд рӯз пеш берун аз пойтахти ҶАМ кушта шуданд. Бар пояи яке аз фарзияҳо, мошини онҳо дар наздикии шаҳри Бангӣ тирборон шуда, эҳтимол аст, рӯзноманигорон ҳадафи ғоратгарон қарор гирифта бошанд. Ба иттилои МИТ, рӯзноманигорон бо худ дурбини наворбардориву аккосӣ ва 8,5 ҳазор доллар нақдина доштанд.

Бино ба хабарҳо, эҳтимол дорад, дар қатли рӯзноманигорон ҷангиёни гуруҳи террористии мамнуи "Селека" даст дошта бошанд. Эҳтимоли пеш аз марг бозпурсӣ шудани рӯзноманигорон вуҷуд дорад.

Ҷасади рӯзноманигорон 4 август ба Русия интиқол хоҳад ёфт.

Ҳалокати рӯзноманигорони рус дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:05 0:00

XS
SM
MD
LG