Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: дар таъини мансаб “география" муҳим нест


Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, маҳал дар таъини мансаб дар Тоҷикистон нақш надорад ва намояндагони ягон минтақа дар гирифтани мақом бартарӣ надоранд.

Ҷумъа Давлатов, директори Оҷонсии хидмати давлатӣ рӯзи 2 август интиқодҳо дар бораи бартарият доштани намояндагони як маҳал дар таъини мансабро рад кард.

Ҷаноби Давлатов гуфт, масъалаи маҳал дар таъини мансаб мунтазам зери назорати ҷиддӣ аст ва дар ин самт ягон мушкил надоранд.

Директори Оҷонсии хизмати давлатӣ афзуд, дар ним соли аввали соли равон дар рӯйхати намояндагони хидмати давлатӣ аз рӯи маҳал ягон тағйироти куллӣ сурат нагирифтааст.

Тибқи омори ахири Оҷонсии хизмати давлатӣ, аз ҳисоби беш аз 19 ҳазор хидматчии давлатӣ дар Тоҷикистон 24,1 фоиз аз Суғд, 38 фоиз аз Хатлон, 10 дарсад аз Душанбе, 17,3 аз ноҳияҳои тобеи марказ ва 8,9 фоиз аз вилояти Бадахшон будаанд.

Масъулини Оҷонсии хизмати давлатӣ иддаои муҳимияти маҳал дар таъини мансабро рад мекунанд, ки ин интиқодҳо чандин маротиба садо додааст. Бархе коршиносон мегӯянд, “география”-и номзад дар вақти таъини мансаб аз имтиёзҳои номзад аст.

XS
SM
MD
LG