Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Словакия "Гургҳои шабгард"- ро таҳдид номид (Видео)


Пойгоҳи "Гургҳои шабагард" дар Словакия

Клуби дучархасаворони "Гургҳои шабагард", ки дар Словакия "пойгоҳи аврeпоӣ" таъсис доданд, ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд,- гуфт президенти Словакия Андрей Киска.

Киска рӯзи гузашта гуфт, "поягузори "Гургҳои шабгард", ки барои иштирокаш дар ишғоли Қрим ба рӯйхати таҳримҳо шомил шудааст, наметавонад дар Аврупо гаштугузор кунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки таъсиси ситоди аврпуоии "Гургҳои шабгард" дар Словакия - ин масхараи мавқеи кишвар дар робита ба Қрим аст. Президент аз ҳукумат талаб кард, ки аз ниҳодҳои амниятӣ бароир муборизаашон алайҳи созмонҳои машкук пуштибонӣ кунад.

Клуби байкерҳои Русия бо номи "Гургҳои шабгард" ситоди худро дар қаламрави як замини хусусӣ, ки ба тоҷири словак Йозеф Ҳамбалек таалуқ дорад, бо иштироки дипломатҳои рус ифтитоҳ кард.

Радио "Свобода" бо истифода аз дастгоҳи бесарнишин ин пойгоҳро наворбардорӣ кард, ки дар он теъдоди зиёди тонкҳои кӯҳна мушоҳида мешавад.

"Пешгомҳои Путин" дар Словакия
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:10 0:00

Видеоҳои охирин

Сокинон мегӯянд, дар шабонарӯз чор соат барқ доранд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG