Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додраси собиқи ноҳияи Айнӣ барои порагирӣ аз вазифа барканор шуд


Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Икром Ҷумазода, раиси додгоҳи ноҳияи Айнро ошкор кард. Масъулини Оҷонсии зидди фасод гуфтанд, Ҷумазода барои гирифтани 1,5 ҳазор доллар пора боздошт шудааст.

Ба қавли масъулини Оҷонсии зидди фасод, раиси ҳамакнун собиқи додгоҳи ноҳияи Айнӣ барои сабук кардани ҷазо нисбати як муттаҳам ва маҳрум накардани ӯ аз ҳаққи ронандагӣ 1,5 ҳазор доллар пора талаб кардааст.

Манбаъ гуфт, Икром Ҷумазода дар ду навбат 500 доллар ва 3 ҳазор сомонӣ гирифтани аз гирифтани 5 ҳазор сомонии боқимонда даст кашидааст. Сарфи назар аз нагирифтани маблағи боқимонда ба гуфтаи мақомоти Оҷонсӣ корҳои оперативӣ идома дошт ва Ҷумазода боздошт гардид.

Дар Оҷонсии зидди фасод мегӯянд, алайҳи Икром Ҷумазода бо моддаи 319 қисми 4 парванда боз шуда тафтишот идома дорад. Ҷумазода ба зҳабси пешаки гирифта шуд.

Икром Ҷумазода ду рӯзи пеш бо як фармони президенти Тоҷикистон барои “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад», аз мақом барканор шуд.

XS
SM
MD
LG