Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пол Манафорт ба саркашӣ аз пардохти андоз айбдор шуд


Пол Манафорт
Пол Манафорт

Пол Манафорт, раҳбари пешини ситоди пешазинтихоботии Доналд Трамп дар созиш барои давр задани қонунҳои бонкӣ ва андози Амрико айбдор шуд.

Додситон Узо Асоне гуфт, Манафорт худро аз қонун боло дониста, бо роҳҳои оффшорӣ даҳҳо миллион долларро "шӯстааст". Ин пулҳоро Манафорт ба ашёи қиматбаҳо – 21 ҳазор доллар барои як соат ва 15 ҳазор ба пиджаки навъи "страус" харҷ кардааст.

Ба гуфтаи додситон, Манафорт барои кори худ дар Украина ҳудуди 60 миллион доллар музд гирифта, онҳоро дар онҷо дар ҳисобҳои оффшорӣ нигаҳ дошта, аз андоз пинҳон кардааст.

Вале ҷониби ҳимоятгар мегӯяд, украинҳо маоши Манафортро ба тариқи оффшорӣ пардохт карданд. Ба гуфтаи ҷониби ҳимоятгар, Манафорт як машваратчии комёб буда, бо интиқоли пулҳо ҳамкорони ӯ вазифадор буданд, ки машғул шаванд.

Дар ИМА зидди Манафорт чанд айб, аз ҷумла созишҳо барои пулшӯӣ ва фиреби Иёлоти Муттаҳида эълом шудааст. Ҳеч кадом аз ин айбҳо ба қазияи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 рабт надоранд.

Манафорт яке аз гумонбарони аслӣ дар доираи тафтиши дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА аст. Ин тафтишотро додситони махсус Роберт Мюллер пеш мебарад. Додгоҳ моҳи июн Манафортро ҳабс кард. Трамп тафтишоти зидди раҳбари пешини ситоди интихоботии худро "шикори ҷоду" номид.

XS
SM
MD
LG