Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА мавқеашро оиди ҳамла ба сайёҳон дар Тоҷикистон шарҳ дод


Мақомоти ИМА феълан ҳеҷ кас ё гурӯҳеро дар ҳамла ва куштори шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон гунаҳгор карда наметавонанд ва барои таҳқиқи ин ҳодиса Вашингтон бо мақомоти интизомӣ дар Душанбе ҳамкорӣ доранд. Чунин гуфт рӯзи 31 июл дар як нишасти хабарии Вашингтон Ҳезер Науэрт, сухангӯи Департаменти давлатии ИМА.

Ӯ гуфт, “мо гузоришҳо дар бораи ин ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтааст, дидем. Пеш аз ҳама дар робита бо куштори бераҳмонаи амрикоиҳо дар Тоҷикистон ба аъзои хонавода ва ҳам наздикони онҳо изҳори тасаллият мекунем. Вале мо дар айни замон тасдиқ карда наметавонем, ки масъулияти ин ҳамла ба дӯши кист. Ҳоло ҳукумати ИМА ба ҳукумати Тоҷикистон дар таҳқиқи ҳодиса кӯмак мекунад”.

Рӯзи 29 июл гурӯҳи 7-нафарии сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷа, чор нафар кушта ва се нафар захмӣ шуданд. Кушташудаҳо – ду нафар амрикоӣ, як нафар швейсарӣ ва як нафар ҳолландӣ буданд. Туристони захмӣ аз Ҳолланд, Фаронса ва Швейсария мебошанд. Ин ҳамла дар таърихи Тоҷикистони соҳибиистиқлол бесобиқа гуфта мешавад.

Ҳезер Науэрт дар нишасти матбуотии худ дар Вашингтон инчунин гуфт, ки кӯмаку ҳамкории ҳукумати ИМА бо мақомоти тоҷик аз роҳи сафоратхонаи Амрико дар Душанбе ҷараён дорад. “Сафорат баъди ин ҳодиса ҳеҷ як огаҳии иловагии бехатарӣ барои шаҳрвандонашро нашр накард. Мо аз ҳамватанон даъват мекунем, ки дар ҷараёни сафар аз эҳтиёт кор гиранд, аз атрофи худ бохабар бошанд. Паёми охирини бехатарии мо рӯзи 13 июл нашр шудааст”. Ин мақоми Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки ба амрикоиҳо машварат дода шудааст, ки ба ҳангоми сафар ба Тоҷикистон дар тамос бо сафорат бошанд.

XS
SM
MD
LG