Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе корхонаи мошинсозӣ бунёд мешавад


Дар пойтахти Тоҷикистон корхонаи нави тавлиди автобусҳо, мошинҳои боркаш ва микроавтобусҳо сохта мешавад. Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ 1-уми август дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ин корхона бо ҷалби 20 миллион доллари амрикоии ширкати туркӣ сохта мешавад.

"Дирӯз ҳукумати Тоҷикистон қарори махсусеро дар ин замина тасвиб кард. Аз ҷониби Тоҷикистон ширкати "Авеста Групп" масъули ин тарҳ мебошад. Дар марҳилаи аввал ин корхона солиёна то 200 адад автобус тавлид мекунад. Дар марҳилаи дигар тавлиди мошинҳои боркаши иқтиодораш аз 3 то 8 тонна ва ҳамчунин микроавтобусҳо пешбинӣ шудааст. Микроавтобусҳо бо тамғаи "Мерседес" тавлид мешаванд. Ҳамаи маҳсулоти ин корхона бо тамғаи "Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст" ба фурӯш бароварда мешавад",- гуфт Фаррух Ҳамрализода.

Аз соли ҷорӣ то ба ҳол автобусҳои тамғаи "AKAI" дар шаҳри Душанбе дар бинои собиқи насби троллейбусҳо аз қисмҳои эҳтиётии аз Туркия воридшуда, насб мешаванд. Бештаре аз автобусҳои пойтахти Тоҷикистон феълан дорои тамғаи "AKAI" ва "ISUZI" мебошанд.

XS
SM
MD
LG