Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомдори зиндонҳои Русия барои шиканҷаи Евгений Макаров узр пурсид


Russia - Sergei Drachev
Russia - Sergei Drachev

Муовини раиси хадамоти зиндонҳои Русия Валерий Максименко аз зиндонӣ Евгений Макаров барои шиканҷа шуданаш аз тарафи кормандони зиндони Ярославл узр пурсид. Дар ин бора Максименко рӯзи сешанбе ҳангоми сӯҳбат бо радиои "Говорит Москва" хабар дод.

Максименко ҳамчунин аз наздикони Макаров барои рафтори кормандони маҳбас маъзарат хост ва онҳоро "кормандони пешини зиндон" номид.

Сабти шиканҷаи Евгений Макаров дар маҳбас, ки нашрияи "Новая газета" чоп кард, вокуниши густарда ва боздошти якчанд корманди колонияи ислоҳоти меҳнатиро ба бор овард.

Ҳайъати Русия дар ҷаласаи кумитаи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи шиканҷа қавл дод, ки дар тамоми зиндонҳо дурбинҳои назоратӣ ва таҷҳизоти сабти видеоӣ, ки дар либосҳои расмиии зиндонбонҳои Русия насб шудаанд, мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG