Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари пешини хонаи кӯдакони Самарқанд боздошт шуд


Раҳбари пешини мактаб-интернати шаҳри Самарқанд Шӯҳрат Садинов, таҳти боздошт қарор гирифт. Садинов ба латтукӯб, фишори равонӣ ва ҷисмонӣ бар кӯдакон муттаҳам шудааст.

Сомонаи Gazeta.uz бо такя ба хадамоти матбуоти Додгоҳи Олии Узбекистон навишт, ки қарори боздошти Шӯҳрат Садинов рӯзи 26 июл дар додгоҳи шаҳрӣ содир шуд.

Рӯзи 24 июл дафтари матбуоти Додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки тарбиягирандагони мактаб-интернати махсус барои писарҳо ба таври муназзам латтукӯб мешуданд, таҳти фишори ҷисмониву равонӣ қарор доштанд ва ҳамчунин ба корҳои сангини ҷисмонӣ ҷалб мешуданд.

Ин қазия дар ҳоле рӯ зад, ки Муҳаббат Мирзоева модари яке аз тарбиягирандагон, ба Gazeta.uz гуфт, ки кормандон ва раҳбарияти мактаб-интернат нисбати писари ӯ ва бачаҳои дигар аз усулҳои зӯроварӣ кор мегиранд.

Баъди тафтиш, алайҳи раҳбари мактаб ва нафарони дигар аз рӯи банди "шиканҷа" ва "суиистифода аз мақом"-и Қоуни ҷиноии Узбекистон парванда боз шуд.

Видеоҳои охирин

Дар Афғонистон интихоботи парламентӣ ҷараён дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG