Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ношири NYT Трампро аз паёмади ҳамла ба матбуот ҳушдор дод


Логои Ню Йорк Таймс

Ношири нашрияи The New York Times мегӯяд, ӯ дар мулоқот дар Кохи сафед президент Трампро аз паёмади хатарноки ҳамла ба матбуот ҳушдор дод

Изҳороти А.Ҷ. Сулзбергер рӯзи гузашта дар ҳоле пахш шуд, ки Трамп бо ҳамлаҳои лафзии нав ба матбуот ҳуҷум кард. Сулзбергер ин изҳоротро шояд ба хотри пешгирӣ аз таасуротt пахш кард, то нагӯянд ӯ бо нуқтаи назари Трамп розӣ шудааст.

Президент Трамп аз ин мулоқот дар твиттер ситоиш кард ва навишт, ки "бисёр як мулоқоти хуб ва ҷолибро бо Сулзбергер дар Кохи сафед анҷом дод.

Ношири NYT, ки рӯзи 20 июл бо Трамп мулоқот кард мегӯяд, дар оғоз қарор буд, ки сӯбат бидуни микрафон сурат мегирад, аммо баъди он ки Трамп дар твиттер назар дод, ин тааҳуд лағв шуд.

Сулзбергер ба президент гуфтааст, ки истифодаи вожаҳое чун "fake news" аз тарафи президент "нодуруст ва зараровар" аст, аммо ӯ бештар ба твиттҳои қаблии президент ишора кард, ки дар он Трамп журналистҳоро "душмани халқ" номид.

"Ман ба президент гуфтам, ки чунин каломи оташафрӯз таҳдидҳои зидди рӯзноманигоронро афзоиш медиҳад ва роҳро барои хушунат боз мекунад", гуфт Сулзерберг.

Видеоҳои охирин

Акнун кадуи рекордӣ 645 килограмм вазн дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG