Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мянмар даҳҳо ҳазор хона зери об монд


Обхезӣ дар Мянмар - 29 июли соли 2018.
Обхезӣ дар Мянмар - 29 июли соли 2018.

Дар Мянмар ҳудуди 50 ҳазор одам дар натиҷаи обхезӣ хонаҳои худро тарк карданд.

Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, даҳҳо ҳазор манзили зист зери об монда, чандин пул хароб шуд. Ҳамчунин дар қисми марказии Мянмар роҳҳо, низомҳои зербиноӣ ва киштзорҳо осеб диданд.

Хадамоти наҷот аз тамоми сокинони ин кишвар, ки дар канори рӯдхонаҳо зиндагӣ мекунанд, даъват дорад, дар кутоҳтарин муддат хонаҳои худро тарк кунанд, чун сатҳи об баланд мешавад.

Намояндагии маҳаллии "Салиби сурх" тақсими кумаки башардустонаро ба хонаводаҳо оғоз карда, одамонро аз минтақаҳои осебдида ба ҷойҳои бехавф интиқол медиҳад. Маъмурияти башардӯстонаи СММ низ ба сокинони осебдида кумак мерасонад.

Президент Вин Мйинт гуфт, эҳтимол аст, шумори сокинони осебдида ба 100 ҳазор нафар бирасад.

XS
SM
MD
LG