Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Бишкек ба будубоши сарвазири пешини Қирғизистон дар Белорус


Кордори муваққати сафорати Белорус дар шаҳри Бишкек Сергей Иванов 28 июл ба Вазорати умури хориҷии Қирғизистон даъват шуд. Ивановро барои он даъват карданд, ки расонаҳо аз иштироки сарвазири пешини Қирғизистон Даниёр Усенов бо номи Даниил Уритский дар чорабиниҳои расмии Белорус хабар доданд.

Бишкеки расмӣ ба Иванов ёддоштеро ироа карда, роҷеъ ба будубош ва фаъолияти Даниёр Усенов дар Белорус, ки дар Қирғизистон дар ғайбаш ба ҳабси абад маҳкум шудааст, эътироз баён кард. Қирғизистон бори дигар аз Белорус хост, равиши худ ба вазъи мавҷударо тағйир дода, уҳдадориҳои байналмилалияшро иҷро кунад.

Расонаи белорусии Tut.by 27 июл акси шахсеро нашр кард, ки ба сарвазири пешини Қирғизистон Даниёр Усенов монанд аст. Ин акс ҳангоми ифтитоҳи маҷмааи сохтмоние гирифта шудааст ва ба иттилои расона, мудири ин корхона Даниил Уритский аст.

Ёдрас мешавем, додгоҳи Қирғизистон сарвазири пешини фирории ин кишвар Даниёр Усеновро бо ҷурми даст доштан дар ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 дар ғайбаш ба ҳабси якумрӣ маҳкум кардааст.

XS
SM
MD
LG