Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили собиқи Милошевичро дар Белград куштанд


Драгослав Огнянович
Драгослав Огнянович

Афроди номаълум Драгослав Огнянович, яке аз вакилони шинохтаи дифо дар Сербистонро куштанд. Ӯ дар гузашта дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ дар Югославия як замон аз ҳаққи Слободан Милошевич, раҳбари пешини сербҳо ҳимоят мекард.

Вазорати умури дохилии Сербистон гуфт, ки Драгослав Огняновичи 57-соларо дар назди хонааш дар маҳаллаи Нови Београд бо зарби тири туфанг ба қатл расонидаанд. Писари 26-солааш дар ин ҳамла аз дасташ ҷароҳат бардоштааст.

Ба гуфтаи пулис, онҳо дар ҷустӯҷуи қотил ҳастанд ва ҳанӯз маълумоте дар бораи ангезаҳои ҳамла надоранд.

Драгослав Огнянович соли 2000-ум яке аз вакилони Слободан Милошевич буд, ки ӯро ба наслкушӣ муттаҳам мекарданд. Раиси ҷумҳури собиқи Сербия соли 2006 пеш аз эълони ҳукмаш даргузашт.

XS
SM
MD
LG