Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 13 нафар дар натиҷаи заминларза дар Ломбок


Заминларза иншооти зиёдеро хароб кардааст.
Заминларза иншооти зиёдеро хароб кардааст.

Заминларзаи қавӣ дар яке аз минтақаҳои саёҳии Индонезия 13 нафарро кушт ва садҳо тани дигарро маҷрӯҳ кард. Мақомоти кишвар гуфтанд, ки дар натиҷаи заминларзаии 6.4 дараҷаӣ дар ҷазираи Ломбок дар рӯзи 29-уми июл садҳо нафари дигар захм бардоштанд ва мумкин аст, теъдоди қурбониён зиёд шавад, зеро маълумоти комил ҳанӯз ҷамъоварӣ нашудааст.

Вазорати умури хориҷии Малайзия гуфт, як шаҳрванди ин кишвар дар натиҷаи зилзила ҷон додааст. Ҷазираи Ломбок дар 40 километрии ҷазираи маъруфи Балӣ қарор дорад ва яке аз маҳалҳои дӯстдоштаи саёҳон аз саросари ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Индонезия, ки ҷазираҳои зиёде дорад, дар яке аз минтақаҳои зилзихез ва пур аз оташфишон дар ҷаҳон қарор дорад. Соли 2005 заминларзаи қавӣ дар соҳилҳои ҷазираи Суматра сунамии азимеро дар Уқёнуси Ором ба вуҷуд овард ва 220 ҳазор нафарро дар чанд кишвар ҳалок кард.

XS
SM
MD
LG