Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Турсунзода барои "кофир" гуфтан, 3 сол зиндонӣ шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Турсунзода як сокини ин шаҳрро барои “кофир” номидани намояндагони ҳукумати шаҳр ва мақомоти интизомӣ ба 3 соли зиндон маҳкум кард.

Додситонии кулл рӯзи 27-уми июл хабар дод, ки Қаюм Сиддиқов моҳи декабри соли 2017 як ҷамъомаде дар хонаи бародараш, бо раиси ҷамоати 10-солагии истиқлол, раиси кумитаи маҳаллаи Нуристон ва имоми ҳамин деҳа баҳс карда ва онҳоро “кофир” номидааст.

Ба гуфтаи додситонӣ, Қаюм Сиддиқов ин афродро барои он “кофир” номидааст, ки иҷоза додаанд, масҷиди бесанади маҳалла ба ҷойи ҷамъиятӣ табдил дода шавад.

Додситонӣ гуфтааст, Қаюм Сиддиқов ҳамчунин дар моҳи феврал дар як маҷлиси сокинони деҳаи Нуристон гуфтааст, ки “ Мо бояд барои кушодани масҷид ҳаракат кунем» ва бо чунин гуфта, “боиси ноором гардидани вазъи маҷлис ва безобитагии иштирокчиёии он гардидааст”.

Барои ин рафтор, додгоҳ Қаюм Сиддиқовро ба “ташкили гурӯҳи ҷиноӣ” ва барангехтани адоват гунаҳкор дониста ӯро ба се соли зиндон маҳкум кардааст. Ба гуфтаи додситонӣ Қаюм Сиддиқов дар гузашта барои қочоқи маводи мухаддир ба 22 соли зиндон маҳкум шудааст.

XS
SM
MD
LG