Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомии пешини Украина худро дар назди вазорати дифоъ оташ зад


Низомии пешини Украина худро дар назди вазорати дифоъ оташ зад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Низомии пешини Украина худро дар назди вазорати дифоъ оташ зад

Дар шаҳри Киев низомии пешин Сергей Улянов рӯзи панҷшанбе ба нишони эътироз алайҳи қарор барканорияш, худро дар назди бинои Вазорати дифои Украина оташ зад.

Ҳамкоронаш талош карданд, пеши роҳи Уляновро гиранд, вале ӯ ба сару рӯяш сӯзишворӣ рехта, худро оташ зад. Оташнишонҳо зуд сӯхторро хомӯш ва ёрии таъҷилиро даъват карданд.

Дар ҳоли ҳозир, ҷони Улянов дар хатар нест.

Низомии пешин дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, талошҳои дусолаи ӯ барои барқарории ҷои кораш дар артиши Украина бенатиҷа буданд ва мехост бо худсӯзӣ диққати дигаронро ба қазияаш ҷалб кунад.

Ба гуфтаи Улянов, ҳангоми барканорияш ба ӯ ҳатто ҳуҷҷатҳои заруриро надоданд. "Миёни замину осмон мондам. Ҳатто наметавонам худро дар қайди низомӣ монда, кори хубе пайдо ва рушд кунам", - афзуд ӯ.

Ин бори аввал нест, ки Улянов кӯшиши худсӯзӣ мекунад. "Вай моҳи июн ба телефони боварии Вазорати дифои Украина занг зада, аз иқдоми эътирозие дар назди бинои он огаҳ кард. Баъдтар аз кӯшиши худсӯзӣ дар назди сафорати ИМА хабар дод", - навишт сухангӯи фармондеҳии нирӯҳои амалиёти махсуси Украина Алексей Никифоров дар Фейсбук.

XS
SM
MD
LG